Главная » 2012 » Апрел » 23 » Латифахо аз Парвиз Шаропов!!!
12:37
Латифахо аз Парвиз Шаропов!!!
Говро мекуштед…
-Барои ба омузишгох дохил кардан,-гуфт шахсе ба писараш,-як гусола кушта, чанд касро зиёфат додаму ту боши, аз имтихон афтиди. -Хасиси накарда гов мекуштед, - шояд дохил мешудам, -гуфт писар.
Рози боши
Зане ба шавхари хасисаш гуфт:
-Саломатии модарам хуб нест. Рози боши, модарамро ба хона биёрам?
-Ба фикрам,-саросемавор гуфт мард, - худат ба назди модарат рави, хубтар мешавад.

Ба гузашта салавот
Зани чанчолие дар синни панчохсолаги шавхар кард ва рузе бо алам гуфт:
-Кани он солхои чавониам, ки хусну чамоламро тамошо мекардед.
-Ба гузашта салавот, занак. Бехтараш телевизорро мон!

Падар директор
Муаллими нав аз талаба пурсид:
-Бародаронат мактабро бо бахои аъло хатм кардаанд мегуянд. Барои чи ту бад мехони?
-Он вақтхо падарам директор буд, чавоб дод талаба.

Аз кор гирифтанд
Зане аз шавхараш пурсид:
-Додош, ки занг зад, ки гушакро саросема партофтед?
-Раис, - чавоб дод шавхар.
-Охир хини сим заданаш дуқат шуда салом медодед-ку?! Раис-бобо намеранчад?
-Ранчад, ранчидан гирад. Имруз уро аз вазифа гирифтанд.
Хотами
-Рузи гузашта, - гуфт шахсе таърифкунон ба хамкораш, - ба мехмонон қариб панч кило бодомро шикаста хурондам.
-Дар хонаат? – пурсиданд аз у.
-Не, дар мехмони, - гуфт хозирчавобе.

Далери
-Сардорамон одами ноуХдабаро. На аз ухдаи гап мебарояду на корро пеш бурда метавонад. Муомилааш Хам бад, гуфт марде.
-Ин тавр бошад, чаро камбудиашро танқид намекуни?
-Холо сабр кун, аз кор равад, ана баъд рузашро нишон медихам!


Як соли пурра
-Шуморо ба вазифаи нав, Чонишини директор табрик карда, орзу дорам, ки дар ин вазифа аққалан як сол кор кунед,- гуфт мудири кадрХо,
-Барои чи фақат як сол?
-Хулқи директорамон, - гуфт мудири кадрХо, - чунон аст, ки Холо ягон кас ХамроХаш кор накардааст.

Тарси мудир
Мудири ферма ба суратгири рози нашуд.
-Аз суратгири бо тобеонатон метарсед? – пурсид аккос.
-Не, ин кас аз дигар чиз ибо мекунанд, - луқма партофт говчуше. – Метарсанд, ки ёру дуст говХои харобу лоғарро дида, таъна накунанд.

Айби ман чи?
Раис ба ошпази ошхонаи хочаги дуғ зад:
-Шурбоят ин қадар серустухон? Гушташ кани?
Афанди, ки он чо Хозир буд, гуфт:
-Моли колхоз пусту устухон бошад, айби ошпаз чист?

Посбони
Аз посбоне пурсиданд:
-Хар бегоХ ба кучо мерави?
-Посбони, - гуфт у.
-Сага чаро мебари?
Афанди, ки он чо буд, Хозирчавоби кард:
-Посбониро ин кас не, саг мекунад. Ин кас согро бони менамояд.

Нағз хизмат кунад мегуям
Шахсе хамрохи рафиқаш ба тарабхона даромад ва пеш аз хурок фармудан аз пешхизмат пурсид:
-Директор Хастанд?
-Не, ба кучое рафтанд, гуфт пешхизмат.
У хурок фармуд. Баъди рафтани пешхизмат рафиқаш аз у пурсид:
-Директори ресторан шиноси ту?
-Не, хостам ки пешхизмат маро шиноси директор гумон карда нағз хизмат кунад.
Осонтар
Аз сардори иззатталабе пурсиданд:
-Чаро дар корхонаатон хушомадгуён ин қадар бисёранд?
Афанди, ки он чо хозир буд, гуфт:
-Бо онхо кор карданашон осон-дия.


Китобдуст
Танбале ба суратгир гуфт:
-Ба наздам якчанд китоб гузошта, баъд сурат гиред.
-Китоб чи даркор? – пурсид суратгир.
-Одамон расмамро дида, - гуфт у, - гумон кунанд, ки ман китобдустам.

Халоси
Порахуре аз дунё чашм пушид. Ба мурдаи у яке афсус мехураду дигаре механдид. Аз шахсе, ки механдид, пурсиданд:
-Барои чи шумо механдед?
Афанди, ки он чо хозир буд, гуфт:
-Аз пора додан халос шуд.
Просмотров: 4171 | Добавил: | Рейтинг: 2.5/12
Всего комментариев: 0
avatar